Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс

09.07.2012 18:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Амрико нақши намоён дошт.

Кен Гросс дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт.

Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки ӯ минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520