Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вакилони Парлумони Аврупо

16.07.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Струан Стивенсон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории босамари Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Аз сатҳи воло ва пайвастагии ҳамкории дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд, дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.

Вакилони Парлумони Аврупо бо ишора «ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ин минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ» таъкид бар он доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мусоидат намуда, кумакҳои техникии худро афзун хоҳад кард.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон тавассути эҳёи иқтисодии он зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати КАСА-1000 ба нафъи кулли минтақа хоҳад буд. Ҳарду ҷониб аз дастгирии байналмилалии талошҳои кишварҳои минтақа ва давлатҳою созмонҳои мададрасон дар роҳи пайвастани шабакаҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ истиқбол намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди тавачҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520