Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори кабири Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Русия ва Авроосиё хонум Эллис Уэллс

17.07.2012 20:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори кабири Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Русия ва Авроосиё хонум Эллис Уэллсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амнияту мудофиа баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ба тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамёрӣ бо он ҳавасманд аст», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвар, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамгироӣ баъди соли 2014, яъне баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.

Хонум Эллис Уэллс ба нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёту иҷтимоиёт дар Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва мардуми кишвари мо аз номи Ҳукумати Амрико арзи сипос кард.

Ӯ аз мавқеи геостратегии Тоҷикистон ва нақши муҳими созандаи он дар минтақа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумаки техникии худро ба нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбути Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон афзун хоҳад кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мубрами вобаста ба амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520