Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 тасдиқ гардид.

04.01.2011 18:00

Дирўз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013 тасдиқ гардид. Барномаи мазкур идомаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур аз таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо иборат мебошад.

Тибқи ин Барнома такмилу тавсеаи сохтори мақомоти судӣ ва салоҳияти он, шаффофу мушаххас намудани вазифаҳо ва беҳдошти фаъолиятаи онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар Барнома пешбинӣ гардидааст, ки дараҷаи баланди маҳорату малакаи касбӣ ва маърифати ахлоқӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати касбии судягӣ, адлу инсоф, беѓаразӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба халқу Ватан, Конститутсия ва қонунҳо, адолатнокию поквиҷдонӣ меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад ва хоста гирифтан, таъину интихоби судяҳо бояд аз рўи ин талабот амалӣ карда шавад. Бо ин мақсад таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Кодекси одоби судяҳо низ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар Барнома ба такмили қонунҳои марбута ва татбиқи якхелаи онҳо, бартараф намудани монеаҳои зиёдатӣ, сари вақт ва дар мўҳлати кўтоҳ баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳо, роҳ надодан ба кашолкорӣ, осону камҳаҷм намудани кори судяҳо, танзими дақиқи масъалаи тобеияти идоравии парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ, рушди расонидани ёрии ҳуқуқи ба иштирокчиёни мурофиа, такмили низоми иҷрои санадҳои судӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва тавсеяи бештари ин раванд тавассути дар ин мақомот таъсис додани сомонаҳои интернетӣ ва дигар масоили марбути фаъолияти ҳокимияти судӣ аҳамияти махсус дода шудааст.

Таъмини иҷрои Барномаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо дар солҳои 2011-2013 пешбинӣ гардидааст.

Барномаи мазкур дар таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, мустаҳкам гардидани мустақилияти судяҳо, зиёд шудани масъулияту ҷавобгарии онҳо ва таъмини минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд такони ҷиддие мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520