Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил

07.09.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам намояндагони
воситаҳои ахбори умум,
Дӯстони азиз,

Мо аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти муфассал ва судманд бо Хонуми Олиxоҳ Пратибҳа Патил, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Тоҷикистону Ҳиндустон чун шарикони боэътимод дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳум масъалаҳои дарёфти роҳҳо ва василаҳои муассири густаришу тақвияти ҳамкории васеи судмандро баррасӣ намуданд.

Дар ин росто ба масоили ҳамкории босамар ва сатҳи имрӯзии иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Мо бар онем, ки ҳамкории иқтисодии мо имконот ва захираҳои ниҳоят зиёд дорад ва мо қодирем онҳоро ба нафъи ҳарду кишвар ва сатҳи нави ҳамкории минтақавӣ истифода намоем.

Мо самтҳо ва соҳаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, зарурати густариши онҳоро таъкид намудем. Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки ҳамкории тиҷоратии ду кишвар сол то сол инкишоф ёфта, гардиши мол соли сипаришуда беш аз 57 миллион долларро ташкил дод.

Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ соли равон низ тиҷорати мутақобила бемайлон афзоиш меёбад. Масалан, дар 6 моҳи соли 2009 табодули мол зиёда аз 25 миллион долларро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фисад зиёдтар аст.

Ин худ натиҷаи возеҳи кӯшишҳои ҳар ду ҷониб ва кори самараноки механизмҳои ҳамкорӣ ва қабл аз ҳама Комиссияи байниҳукуматӣ мебошад. Мо минбаъд низ ба фаъолияти бештари ин сохтор умед мебандем.

Дар ҷараёни мулоқоту музокирот инчунин масоили муҳими минтақавӣ, қабл аз ҳама қазияҳои маълуми сиёсӣ баррасӣ шуданд. Мо ҷонибдори онем, ки дар ин марҳалаи ҳассос ҳамаи давлатҳо масъулона ва ниҳоят санҷида амал намоянд.

Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мавриди масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик бо ҳам доранд.

Мо мубориза бо ду хатари ҷиддӣ, яъне терроризми глобалӣ ва қочоқи маводи мухаддирро ба нафъи субот, амният ва пешрафти минтақа медонем.
Тоҷикистон ҷонибдори густариши пайгири равобит ва ҳамкории минтақаҳои таърихан пайванд мебошад.

Масоили муҳими ҷаҳонӣ низ баррасӣ шуданд. Мо тақвият ва таҳкими низоми байналмилалиро бар асоси усули меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ниёзи аслии башарият медонем.

Изҳори итминон менамоям, ки сафари Хонуми Олиҷоҳ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар такони тозае мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520