Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия

30.07.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гашт, ки ин ҳам дар таърихи муносибатҳои ин кишварҳо бори нахуст сурат мегирад.

Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳо таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Чунонки аён аст, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рӯзи сеюм аст, ки макони баргузории мулоқотҳои сатҳи олии дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба гашта, ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар минтақа мусоидати фаъол мекунад.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев зимни суханрониҳои худ масоили умдаи ҳамкории минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқоти чорҷонибаро идомаи мантиқии мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон маънидод карда, изҳор дошт, ки мавриди истифодаи дуруст қарор додани имкону захираҳои фаровони Русия ва ҳар се кишвари дигар барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишти зироатҳои дигар ҳавасманд кардани он деҳқонони Афғонистон, ки ба киштукори растаниҳои нашадор машғуланд, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои аҳолии бекор ва умуман мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар аз вазифаҳои асосии давлатҳои ҳамсоя ва мададрасони он бояд бошанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки давлати мо омода аст, ки ба Афғонистон дар тайёр кардани кадрҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расонад ва ин корро метавонад дар ҳамдастӣ бо дигар кишварҳои манфиатдор анҷом бидиҳад. Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки ҳадаф аз кушодани як маркази зиддитеррористии НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе низ, пеш аз ҳама, аз ҳамин иборат аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз нақшаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ бо шабакаҳои нақлиётию барқии Афғонистону Покистону Эрон ва Қирғизистону Қазоқистону Чин ёдовар шуда, сарони давлатҳои Русия ва Афғонистону Покистонро барои амалӣ намудани онҳо ба ҳамкорӣ даъват намуд ва таъкид дошт, ки татбиқи босамари ин нақшаҳо ба ҳамаи онҳо ва дигар кишварҳои минтақа судовар хоҳад буд.

Дар охир сарони чор давлат Баёнияи муштарак оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи чорҷониба имзо намуда, барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Сарони давлатҳо аз фазо ва натиҷаҳои мулоқоти чорҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро ба идома додани чунин ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Қарор карда шуд, ки пешниҳодҳои хуби дар ин мулоқот баёнгашта барои иҷро ба ҳукуматҳои чор давлат фиристода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520