ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Мирзонабот А.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Мирзонабот Алишер Худоберди бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 ноябри соли 2021
№263