ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи
раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
озод намудани Вализода А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Вализода Абдуқодир Исуф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 ноябри соли 2021
№273