ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
озод намудани Давлатзода З.Д.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Давлатзода Зарина Дилмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 ноябри соли 2021
№274