ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
таъин намудани Файзиддинзода Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Файзиддинзода Бунафша иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 ноябри соли 2021
№284