ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
таъин намудани Назирӣ З.В.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
фармон медиҳам:
Назирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 ноябри соли 2021
№286