Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ёвон, Файзобод, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзодаро тавассути телефон шунида, ба онҳо оид ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарфсозии камбудиҳои мавҷуда дастуру ҳидоятҳо дод.
Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур оид ба иҷрои нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, амру фармонҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат ва барномаҳои давлатӣ ҳисобот дода, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки мутобиқи супоришҳо ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддидида кӯмакҳои зарурӣ расонда мешаванд. Ба гуфти онҳо, баҳри таъмини оилаҳои камбизоат бо лампаҳои каммасраф ва гузаштан ба истифодаи онҳо, ки ҳадафи асосӣ аз он кам кардани талафот ва хароҷоти зиёди нерӯи барқ аст, тадбирҳо амалӣ мегарданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки оид ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамар аз ҳама намуди заминҳо чораҳои судманд андешанд. Дастур дода шуд, ки захираи дусолаи хошоки дурушти чорво таъмин карда шавад ва таъкид гардид, ки обу ҳавои имсола ва фаровонии алафҳои табиӣ тамоми имкониятро барои ин ҳадаф муҳайё намудаанд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда вазифадор шуданд, ки ҷамъоварии пурра ва беталафи ҳосили фаровони ғалладонагиҳоро таъмин намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо ҳамчунин иҷрои Буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа ва вусъат додани корҳои ободонию созандагиро талаб намуд.