Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои дуошёнаи бахши минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

01.04.2023 08:57, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба истифода додани бинои дуошёнаи бахши минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  01.04.2023

Баъди ба истифода додани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои бахши милитсияи шаҳраки Овчиқалъачаи Шуъбаи-2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба истифода доданд.

Сохтмони иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом расонида шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда барои кормандони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ҳайати шахсиро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саҳм гирифтан дар пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ вазифадор намуданд.

Бинои бахши милитсияи шаҳраки Овчиқалъача дорои 18 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона буда, дар он ба кормандони мақомоти милитсия барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони мақомоти милитсияро ба истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо вазифадор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520