Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант

25.04.2023 09:35, шаҳри Левакант
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант  25.04.2023

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакантро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони иншоот дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сурат гирифта, бунёди он бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ҷиҳати анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Дар ҳамин рӯз, инчунин ба чанд нафар кормандони шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим карда шуд, ки ин иқдоми Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ҳушҳолии онҳо шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баистифодадиҳии иншооти нав,  ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим карданд.

Ҳамин тариқ бо амалӣ кардани ташаббуси навбатии созандагӣ яъне ба истифода додани шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520