Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Тсзечин

26.07.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Тсзечинро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхаю дигар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи хос ба масоили омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки охири моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, зоҳир карда шуд.
«Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ян Тсзечин Ҷумҳурии Мардумии Чинро дӯсти содиқ, ҳамсояи хуб ва шарики боэътимоди кишвари мо номида, изҳор дошт, ки давлати Чин азм дорад минбаъд низ Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, муносибатҳои худро бо он боз ҳам густариш диҳад. Ба андешаи ӯ суботи сиёсӣ ва фазои хуби ҳуқуқию инвеститсионӣ, ки дар Тоҷикистон зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон эҷод гаштааст, заминаи хуб барои ба сатҳи баланд баровардани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя аст.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, гидроэнергетика, илму фарҳанг ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом дода, аз ҳаҷми мубодилоти мол байни ду кишвар ва болоравии босуръати он изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот дар зарфи ду соли охир қариб чор баробар ва дар шаш моҳи соли равон 60 дар сад афзоиш ёфтааст.

Ба масоили ҳамкории минтақавӣ дар бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра, ки метавонад заминаи боэътимоди рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи кишварҳо бошад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили амнияту суботи минтақа ва мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаю иқтисодиёти рушдкунанда дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520