Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» сӯҳбат орост.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорони «VIP-Premier» таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои он бо Федератсияи Россия ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Россияро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳузури мутаносиби ин давлат дар иқтисодиёти чумхурии мо дар баробари ҳамгироии хуби ҳарбӣ-сиёсӣ муносибатҳои иттифоқчигии ду кишварро мукаммал намуда, мушкилоти камарзиши мавҷударо бартараф месозад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии хуб ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз дар шаҳри Душанбе соли 2000-ум он дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфта буд ва изҳор дошт, ки саммити навбатӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, асоси ҳамаи ҳамгироиҳоро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай амният ва иқтисодиёт ташкил медиҳанд.