Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо як гурӯҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин

22.07.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сӯҳбат орост.

Онҳо воситаҳои бонуфузи ахбори умуми кишвари Чин, аз ҷумла радиои байналмилалии он, Агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаҳои Женмин жибао, Гуанмин ва Венхуэйро намояндагӣ мекунанд.

Гуфтугӯйи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ асосан атрофи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мавзӯъҳои дар он баррасишаванда, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар сурат гирифт.

«Тоҷикистон ба дурнамои васеи Созмони ҳамкории Шанхай эътимоди комил дорад ва ин боварӣ бар натиҷаҳои мушаххаси муштарак, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст омадаанд, асос ёфтааст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз афзалиятҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки дар рӯзҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон бояд як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд ва афзуд, ки онҳо самтҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ ва ҳамчунин соҳаҳои алоқа, кишоварзӣ ва саноатро фаро хоҳанд гирифт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин санадҳо барои Тоҷикистон аҳамияти таъхирнопазир ва бағоят муҳим доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520