Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд

06.07.2023 09:56, шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд   06.07.2023

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ  асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, таъмин гардидааст.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид маҳсуб меёбад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба маҳсулоти истеҳсолшуда ва фаъолияти коргарон баҳои баланд дода, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамин замина афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулот ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо дарназардошти талаботи замони муосир дар масоҳати наздик ба якуним гектар замин бунёд ёфта, ҳамчунин дорои дигар иншооти ёрирасон  мебошад. 

Рушди соҳаи саноат, баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, таъмин намудани сокинони мамлакат бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизотӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамин аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маротиб афзоиш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520