Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Некбахт” дар ноҳияи Мастчоҳ

07.07.2023 09:17, ноҳияи Мастчоҳ
Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Некбахт” дар ноҳияи Мастчоҳ   07.07.2023

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи парандапарварӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд гардида, дар он айни замон дар як марҳила 45 рӯзро дар бар мегирад, 50 ҳазор сар паранда, аз ҷумла ҳазор сар мурғи “марҷон” парвариш карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 тона гушти парҳезӣ буда, минбаъд саршумори паранда дар як марҳилаи парваришӣ ба 100 ҳазор сар расонида, истеҳсоли шуда, истеҳсоли гушти паранда солона ба 1000-1200 тонна баробар мегардад.

Масоҳати иншооти парандапарварӣ 5 ҳазор метри мураббаъ буда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт” 5 бинои мурғпарварӣ, бинои маъмурӣ ва ошхона барои кормандон сохта шудааст.

Дар корхонаи парандапарварӣ раванди обу ғизодиҳӣ, ҳолати зооветеринарӣ, санитарию беҳдоштӣ ва назорати ҳарорати дохили бино ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб гардидааст.

Ҳадаф аз бунёди чунин корхонаҳо пеш аз ҳама таъмини бозори дохилӣ бо гушти парҳезӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҳоло дар корхона 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодгардида соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои парандапарварӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар корхонаи “Некбахт” барои фаъолияти меъёрии соҳаҳо шароиту инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти обро мавриди истифода қарор доданд. Маълумот дода шуд, ки дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо мақсади самаранок истифода намудани замин хатти об дар масофаи 4 километр сохта шуда, 15 гектар заминҳои ҷамъият шодоб карда мешавад.

Дар ҳудуди корхона намоишгоҳи маҳсулоти соҳа ташкил карда шуд.

Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорон, ки дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳм мегузоранд, изҳори қаноатмандӣ карда, соҳибкорони ватандӯстро барои истифодаи мақсадноки зарфияту имконот, зиёд намудани шумораи ҷойҳои кории нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли пину, яъне қурут ва банду басти чормағзи заминӣ оғоз бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба коргоҳ оварда шуда, дар раванди васлу насби хатти истеҳсолӣ ва омӯзишу истифодаи онҳо коргарону мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкорӣ карданд.

Коргоҳи мазкур нахустин дар минтақа буда, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст ва дар он дар як шабонарӯз 400-500 киллограм маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Айни замон 10 навъу намуди қурут бо бастабандии замонавӣ роҳандозӣ гардида, бандубасти чормағзи заминиро дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ дар марҳиллаи аввал ба бозорҳои дохили мамлакат пешниҳод мегардад. Бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯйи он ба яке аз маҳсулотҳои навъи содиротӣ табдил меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520