Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

13.08.2012 17:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 105 нафар кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани кадрҳои ин соҳа қироат карда шуд. Ҳамин тариқ 42 нафар коромӯзони соҳа бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда шуданд, ки 13 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Ҳамагӣ 24 нафар занону духтарон имрӯз ба вазифаҳои гуногун дар мақомоти судӣ таъин шуданд, ки нишона аз татбиқи босамари сиёсати баланд бардоштани мақоми ҷинси латиф дар ҷомеа мебошад. 63 нафар кадрҳои роҳбарӣ ва судяҳои мақомоти вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, аз ҷумла раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Темурмалик, Носири Хусрав, Сарбанд, Қумсангир, Ваҳдат, Роғун, Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо онҳо аз воқеаҳои нангини ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задани худи кормандони суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, аҳли нишастро ба кори содиқонаю софдилона, риояи адолати судӣ ва сазовор будан ба боварию эътимоди роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми кишвар ҳидоят намуд. Тавре таъкид гардид, «вазифа бо амру фармон дода мешавад, вале соҳиби обурӯ ва ҳурмату эҳтиром шудан танҳо ба кирдору рафтор ва муносибату муоширати худи соҳибмансаб вобаста аст».

Аҳли нишаст аз 100% зиёд карда шудани маоши кормандони мақомоти судӣ дар соли 2011, афзун гардидани воҳидҳои штатӣ ва дигар дастгириҳои роҳбари давлат аз ин соҳа ёдовар шуда, уҳдадор шуданд, ки барои сазовор будан ба мақоми судя ва дигар вазифаҳои ин соҳа пайваста ҷаҳду талош хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520