Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз

15.08.2023 11:48, ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз   15.08.2023

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар масоҳати 310 метри мураббаъ бунëд шуда, аз 2 ошëна иборат мебошад. Корҳои сохтмониро сокинони маҳаллӣ дар асоси талабот ва бо сифати баланд анҷом додаанд. Намои берунаи бино бо нақшу нигори миллӣ оро ëфта, ба талаботи меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Иншооти наву замонавии муҷаҳаз бо лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз имкон медиҳад, ки баҳри татбиқи сиëсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии нақшаву барномаҳои ободинию бунёдкорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ фаъолияти назаррас намоянд.

Дар ошëнаи якуми бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷои нишаст ва иншооти ëрирасон ҷойгир аст. Дар ошëнаи дуюм бойгонӣ ва китобхона бо адабиёти бадеӣ ва соҳавӣ ташкил кардаанд, ки кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро ба ҳисси масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намуда, ба сокинони Ватанпарвари ноҳияи Дарвоз барои саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520