Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

25.08.2023 21:14, Қазоқистон
Иштирок дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон  25.08.2023

25 август дар толори Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони олимақом карда шуд.

Сарони давлатҳо баъди тамошо ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Чорабинии фарҳангиро ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо сухани муқаддимавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Роҳбари Маъмурияти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ карда, аз номи ходимони фарҳанг, санъат ва аҳли адаб Сарони давлатҳоро хайрамақдам гуфтанд.

Ба Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дастгирии ҳамаҷониба дар ташкил ва баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ изҳори миннатдории амиқ карда шуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Қазоқистон - Остона, Алмаато ва Шимкент - ин аввалин иқдоми густурдаи фарҳангию башардӯстона дар ин сатҳ дар солҳои истиқлолияти давлатии кишварҳо мебошад, ки бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯст баргузор мегардад.

Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.

Мавриди зикри хос аст, ки зимни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қазоқистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 24 то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор мешаванд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду кишвар баргузор шуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику қазоқ мусоидат мекунанд.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халҳои ду кишвар буд.

Барномаи консертии устодони санъати тоҷик аз ҷониби меҳмонон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон бо хушнудии комил пазируфта шуд.
 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520