Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Маҷористон (Венгрия) дар Тоҷикистон Януш Неметро бинобар анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ дар бораи масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон ва натиҷаҳои фаъолияти Януш Немет дар мӯҳлати ваколати дипломатиаш гуфтугӯ сурат гирифт.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Маҷористонро дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, омодасозии кадрҳо ва ғайра умедбахш арзёбӣ намуда, мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Януш Немет барои фаъолияти босамараш дар Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Януш Немет таъкид дошт, ки баҳри рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Маҷористон минбаъд низ саҳми намоёни худро мегузорад.