Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Болат Нургалиевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ба роҳ мондани ҳамоҳангии хуби кори ин созмон бо дигар ташкилоти минтақавию байналмилаӣ баррасӣ шуд.
Мусоҳибон оид ба тавсиаи робитаҳои байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарию экологӣ, пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи зери сарпарастии Созмони ҳамкории Шанхай гузарондани конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон ва дигар масъалаҳои муҳим гуфтугӯ намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни саммити навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баҳри густариши ҳамкориҳои барои ҳамаи кишварҳои аъзои он судманд қарорҳои муҳим қабул мегарданд. Ба гуфти мусоҳибон санадҳои аз ҳама муҳими ҳамоиши навбатӣ Эъломияи Душанбегии Созмони ҳамкории Шанхай ва Низомнома дар бораи мақоми шарики Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гуфтугӯ хоҳанд буд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.