Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Марек Белка

28.06.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо Марек Белкаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин ду созмони бонуфузи байналмилалӣ ва ҷараёни конфронси байналмиллалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии Тоҷикистон дар гузарондани конфронси мазкур арзи сипос намуд.
Марек Белка Эмомалӣ Раҳмонро бо иди Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва баргузор намудани конфронси муҳими байналмилалӣ табрик намуда, ба ҷаҳду талошҳои ӯ дар роҳи ҳаллу фасли масоили мубрами минтақавӣ баҳои баланд дод.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин конфронс таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об ҷалб намуда, нақши арзандаи худро дар ин раванд мегузорад.

Марек Белка бо эътимод изҳор дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи амалии хулосаҳои муҳимми конфронси мазкур саҳмгузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори устувори рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ будани Тоҷикистонро бори дигар таъкид намуда, изҳори боварӣ намуд, ки тавассути тадбирҳои муштараки байналмилалӣ, аз ҷумла бо мусоидати Барномаи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ (СПЕКА) монеаҳои сиёсии дар ин роҳ мавҷудбуда тадриҷан бартараф карда мешаванд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520