Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон конфронси байналмиллалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии вобаста ба об ба кори худ оғоз намуд.
Дар конфронси мазкур мутахассисону масъулон ва олимони ин соҳа аз зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ва бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ иштирок доранд.
Ин сеюмин конфронси байналмилалӣ оид ба масоили коҳиш додани офатҳои табиии вобаста ба об буда, дар он мушкилоти глобалии ин соҳа мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор мегирад.
Иштироки бевосита ва суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишона аз саҳмгузории доимӣ ва масъалагузориҳои саривақтии ӯ дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ва ташкили фазои мусоиди ҳамкорӣ мебошад.
Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр гардид, ки фалокатҳои табиии вобаста ба об ҳар сол ба иҳтисодиёти мамлакати мо зарари калон мерасонанд. Ба гуфти ӯ таъмини бехатарии об ба ҳалли проблемаҳои муҳими экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири мусбат мерасонанд, зеро ноил гардидан ба рушди устувор бе муҳарар намудани муносибатҳои мушаххас ва ҳалли самарабахши проблемаҳои муҳофизат аз фалокатҳои геодинамикии вобаста ба об амалан имконнопазир мебошанд.
Президенти ҷумҳурӣ зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти Маркази байналхалқии таҳқиқоти фалокатҳои табиӣ, дар давоми 25 соли охир дар саросари ҷаҳон бештар аз 9000 фалокати табиӣ ба амал омадааст, ки боиси ҳалокати ҳариб 2 миллион нафар гардида, ба маблағи бештар аз 1 триллион доллари ИМА зарар расондааст.
«Ман дар иҷлосияи 60 -уми Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади муайян кардани самаранокии тадбирҳои дар давоми даҳсола андешидашаванда, пешниҳод карда будам, ки дар Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускори эълони даҳсолаи «Об барои ҳаёт» дар соли 2010 конфронси байналхалқӣ гузаронда шавад, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натиҷаҳои тадбирҳои панҷсолаи он огоҳ гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки иштирокчиёни конфронс ин ва дигар пешниҳодҳои муфиди Тоҷикистонро мавриди дастгирию баррасӣ қарор медиҳанд.