Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

05.10.2023 12:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид. 

Президенти Ҷумҳурии Беларус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик гуфта, тамманиёти неки худро иброз намуд.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии муносибатҳои байнидавлатӣ Сарони давлатҳо аз идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон  ва Беларус  ҳамзамон атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520