Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти ҷамъиятҳои яҳудиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Президенти Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ Лев Леваев

24.06.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Президенти ҷамъиятҳои яҳудиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Президенти Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ Лев Леваевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷамъиятҳои яҳудиён, аз ҷумла яҳудиёни бухороӣ, ки қисмати зиёди онҳо дар кишвари мо кору зиндагӣ карданд, баррасӣ шуд.

Дар сӯҳбат бештар ба масоили ба роҳ мондани ҳамкории ширкатҳои ин сарватманди машҳури яҳудӣ дар мавриди истихроҷ ва коркарди нафт, тиллою нуқра ва дигар маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Лев Леваев изҳор дошт, ки ӯ ва дигар соҳибкорону тоҷирони сарватманди яҳудӣ баҳри ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб баҳри таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманд омодагии худро таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520