Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷории ҳамкории байни Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо бештар оид ба рафти корҳо дар иншооти энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон, ки бо сармоягузорӣ ва иштироки мутахассисони эронӣ бунёд меёбанд, гуфтугӯ намуданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба тезондани корҳо дар сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби мошингарди Чормағзак, ба анҷом расондани корҳо дар нақби Истиқлол ва омодагӣ ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи обии Шӯроб зоҳир карда шуд.
Мавзӯи дигари сӯҳбат вусъат додани ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла байни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон буд. Дар ин робита таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва омӯзишӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.