Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

27.05.2008 18:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарии Вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои зертобеи он, роҳбарияти дигар идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», роҳбарони муассисаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун» ва судяҳо пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои дар назди мақомоти сатҳу зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ қарордошта ёдовар шуда, онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллати худ ҳидоят намуд.

Назорати иҷрои нишондодҳои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ тариқи истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва ҳамчунин татбиқи барномаю нақшаҳои гуногуни давлатӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини Вазорати кишоварзӣ дар шароити имрӯза маънидод гашт. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ пешниҳодгашта дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри дастгирии молиявии кишоварзон тавассути афзун намудани қарзҳои хурд ба масъулини Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» дастуру ҳидоятҳо дод.

Кадрҳои ба мақоми роҳбарони муассисаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун» пешниҳодгашта худ изҳор доштанд, ки вазифаю масъулияти бар дӯш гирифтаашонро хуб медонанд ва баҳри иҷрои онҳо камар мустаҳкам бастаанд.

Ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо ва риояи адолати судӣ аз зумраи вазифаҳои асосии судяҳо арзёбӣ гардид.

Ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодгашта қавл доданд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати мардумсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу қобилияти худро равона карда, дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520