Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷрокунандаи Маркази Вулфенсон оид ба рушд Йоҳанес Линн

26.05.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷрокунандаи Маркази Вулфенсон оид ба рушд Йоҳанес Линнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва маркази номбурда баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Йоҳанес Линнро дӯсти мардуми Тоҷикистон номида, ба ӯ барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Мусоҳибон асосан атрофи таҳия ва татбиқи стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистон ва кишварҳои мададрасон гуфтугӯ намуданд. Нақши Маркази Вулфенсон оид ба рушд дар омӯзиши эҳтиёҷоти кишварҳои ниёзманд ва расондани кӯмакҳои беруна муҳим арзёбӣ гашт.

Йоҳанес Линн изҳор дошт, ки Маркази Вулфенсон оид ба рушд баҳри ба назари эътибор гирифтани тамоми самтҳои афзалиятноки иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон, ки ба дастгирии кишварҳои мададрасон ниёз доранд, саҳми намоёни худро хоҳад гузошт. Дастгирии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои асосии ҳамкорӣ маънидод гашт.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дурнамои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон ва роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯи пурмӯҳтаво сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520