Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

22.11.2023 14:37, Русия
Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 22.11.2023

Имрӯз, 22 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва мулоқотҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия идома ёфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни субҳонаи корӣ маҷмуи васеи  масъалаҳои ҳамкории ду давлатро муҳокима намуда, оид ба натиҷаҳои музокироти расмии дирӯза, ки аз лиҳози пешбурди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ҷонибҳо муфид арзёбӣ гардиданд, мубодилаи афкор намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин мубодилаи афкорро атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ идома доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520