Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Лян Гуанле

14.05.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Лян Гуанлеро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот оид ба ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Чин гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Мардумии Чинро «ҳамсояи наздик ва дӯсту шарики боэътимод» номида, изҳор дошт: - «таҳкиму тавсиаи робитаҳои дӯстона бо Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст».

Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин изҳор доштанд, ки дурнамои робитаҳо боз ҳам умедбахшанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин баҳри дастгирии намоёни он аз таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар арзи сипосу миннатдорӣ карда, ба ҳамкориҳои мавҷудаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баҳои баланд дод.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Чин асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷриба дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизмом, расондани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвари мо ва омода кардани кадрҳои ҳарбӣ сурат мегиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи масоили амнияти минтақавӣ ибрози назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520