Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

10.05.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарии институтҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ тадқиқотии Академияи кишоварзии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки таъминоти энергетикӣ ва озуқавории аҳолии сайёра ба ҷойи аввал баромадааст, ёдовар шуда, роҳбарият ва олимону мутахассисони Академияи кишоварзии мамлакатро ба кори пурмаҳсули илмию истеҳсолӣ, ба роҳ мондани робитаи доимӣ ва пурсамари байни илму истеҳсолот ва кӯмаки амалӣ ба кишоварзони ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.

Таъкид гашт, ки парвариши тухмиҳои серҳосили ғалладона, зироатҳои лӯбиёгию полезӣ, сабзавот, пахта ва растаниҳои дигари равғандор, бордоркунии сунъӣ ва хушзотсозии чорвои хурду калон, аз ҷумла чорвои аҳолӣ ҳам бояд васеъ ба роҳ монда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидат ба зиёдшавии саршумори чорво зикр намуд, ки парандапарварӣ ва моҳипарварӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳозирин ҳамчунин вазифадор шуданд, ки баҳри таъмини пурраи тухмии картошка аз дохили кишвар ва тарғиби мардум ба кишти баҳорию тирамоҳии картошка ва кишти такрории сабзавоту лубиёгӣ дар заминҳои ғаллаи обӣ тадбирҳои судманд андешанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳосили ғалладона аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнер аз як гектар кам набошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ, коркарди замин, истифодаи пурсамари нуриҳои органикию минералӣ, зиёд намудани саршумори чорвои хурду калони хушзот, аз ҷумла гӯсфандҳои ҳисорӣ, танкаронӣ, бузи ангорӣ, говҳои сермаҳсул, қутос ва барои истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Хотиррасон бояд кард, ки масоили рушди соҳаи кишоварзӣ, дар амал татбиқ намудани таҷрибаҳои пешқадами илмию истеҳсолии соҳа, афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоӣ, фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти назорат ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин хотир масоили вобаста ба Академияи кишоварзии Тоҷикистон тайи як соли охир 4-5 маротиба аст, ки бевосита дар назди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ мегардад.

Дар ин муддат ҳисоботи Президенти академияи мазкур ва директорони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии он шунида шуд, сохтори академия дигар гашт, шумораи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз 14 то 8 адад кам карда шуд ва ба вазифаҳои роҳбарии он имрӯз кадрҳои ҷавону умедбахш таъин карда шуданд.

Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки кадрҳои нав таъиншуда, баъди як сол аз рӯйи нишондодҳои илмию истеҳсолии бадастовардаашон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот хоҳанд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520