Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

03.01.2024 16:43, шаҳри Душанбе

3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520