Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо»

09.01.2024 18:01, шаҳри Душанбе

28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2024 зиёд намудани андозаи нафақаҳо, маоши амалкунандаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ ва стипендияҳоро иқдом карданд.

Бо мақсади амалӣ намудани иқдоми мазкур 9 январи соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо» таҳти №671 ба имзо расид.

Тибқи фармони зикршуда, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.

Вобаста ба ин, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Вобаста ба ин, аз 1 июли соли 2024 андозаи маоши заминавии хизматчиёни маъмурии хизмати давлатӣ барои мансабҳои категорияи олӣ 1120 сомонӣ, барои мансабҳои категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтум 1160 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба 620 сомонӣ баробар карда шуд.

Зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз амалӣ мегардад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо аз 1 июли соли 2024 дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд.

Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520