Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан

10.01.2024 12:14, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан 10.01.2024

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур  шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар кардани ин раванд иброз доштанд.

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барчастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар, аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидати ҷиддӣ менамоянд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андешаронӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520