Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо 8 нафар директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд

21.04.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 нафар директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат масоили рушди макроиқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд атрофи барномаи қарздиҳии хурд, дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, ҳавопаймоӣ, обтаъминкунӣ, энергетика ва инфрасохтори шаҳру деҳот сурат гирифт. Зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 34 лоиҳаи хурд дар ҳаҷми умумии 127 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад.

Танҳо соли гузашта барои сармоягузории 9 лоиҳа 40 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гашта буд, ки 21 миллионаш ба бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон барои қарздиҳии хурд ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ дода шудааст.

Масоили вобаста ба Стратегияи навбатии миёнамуҳлати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Тоҷикистон мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт. Ба ҳадди ду-се маротиб зиёд намудани ҳаҷми сармоягузории бонки мазкур ба Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таъкид бар он доштанд, ки дар сурати боз ҳам беҳтар гаштани фазои инвеститсионии кишвар ин вазифа иҷрошаванда аст.

Хотиррасон бояд кард, ки гурӯҳи 8 нафараи директорҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд масоили ҳамкории бонкро бо давлатҳои Норвегия, Финландия, Латвия, Япония, Испания, Мексика, Британияи кабир, Олмон, Словения, Белгия, Люксембург, Белорус ва кишварҳои Осиёи Марказӣ идора мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520