Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Толибзода Ф.Н.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Толибзода Фирдавс Назримад раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№681

 

 

 

 

ТОЛИБЗОДА Фирдавс Назримад

аз 17 августи соли 2022 дар мансаби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд  11 марти соли 1980     Ҷои таваллуд ноҳияи Муминобод             Таҳсилот олӣ           Миллат тоҷик 

Cоли 2003 Донишгоҳи Шарқии Миёназамини Ҷумҳурии Туркии Кипри Шимолӣ

соли 2010 Магистратураи Донишгоҳи Байналхалқии Ҷопонро хатм кардааст

Ихтисос бонкдорӣ ва молия, сиёсати давлатӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, туркӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад

Вазъи оилавӣ оиладор

 

                                         Кор ва фаъолияти собиқа:

Соли 2003 (10-11) -

иқтисодчии дараҷаи II  шуъбаи иҷозатномадиҳии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2003-2007 -

иқтисодчии дараҷаи II, иктисодчии пешбари  шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва тадбирҳои имдодии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2009 -

иктисодчии пешбари шуъбаи таҳлили фаъолияти бонкҳои Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2010 -

таҳсил дар магистратураи Донишгоҳи марказии молиявию иқтисодии Япония шаҳри Токио

Соли 2010 (11-12) -

сариқтисодчии шуъбаи назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2015 -

сармутахассис, муовини сардори шуъбаи бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2017 -

муовини сардори Идораи таҳлил ва иҷозатномадиҳии Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои  2017-2020

сардори Идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2020 – 2021

муовини директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2021-2022

муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон

аз августи соли   2022
то
16 январи соли 2024

муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520