ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Носирзода У.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Носирзода Умедҷон Саидҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№703