Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Президенти Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
таъин намудани Салимзода А.Ф.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Салимзода Амонулло Файзулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№723

 

 

САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло

 

аз 29 январи соли 2024 дар мансаби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   30 майи соли 1967          Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат     тоҷик                                        Маълумот     олӣ      

соли 1991 ва 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос    агрономи олим, иқитисодчӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест       

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2011 медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»          

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1985

Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1987

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ вилояти Амур

Солҳои 1987-1991

Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991-1993

Лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнология, ноҳияи Рӯдакӣ

Солҳои 1993-1996

Ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1996-1997

Аспиранти кафедраи «Физиологияи наботот ва биотехнология»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2001

Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ», ҷонишини декани факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2004

Ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2004-2007

Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона

Солҳои 2007-2008

Мудири шӯъбаи таҳсили ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2009

Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таҳсили ғоибона

Солҳои 2009-2013

Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълим

Солҳои 2013-2020

Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

01-11 соли 2020

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ноябри соли 2020
то  29 январи соли 2024

Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520