Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

30.01.2024 14:33, шаҳри Душанбе

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Мирзозода Музаффар Бурҳон – ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон – ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон, Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин гардиданд.

 

 

МИРЗОЗОДА  Музафар Бурҳон

аз  16 октябри   соли 2023 дар вазифаи  Раиси ноҳияи Ховаланги вилояти Хатлон кор мекунад

Соли таваллуд   10 октябри соли 1970          Ҷои таваллуд   ноҳияи  Муъминобод   

Миллат     тоҷик                                     Маълумот         олӣ

соли  1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,

соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисосаш   зооинженер, иқтисодчӣ     

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не    не        

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1987-1988

Коргари совхози «Аврора», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 1988-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

09-12 соли 1993

Бригадири ферма ва духтури ҳайвоноти совхози «Аврора», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 1993-1998

Зоотехники зотпарварии Ассотссиатсияи иҷоракорони «Навбаҳор», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 1998-2003

Сарзоотехники зотпарварии Ассотсиатсияи иҷоракорони «Навбаҳор», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 2003-2007

Сардори шӯъбаи зотпарварии идораи чорводории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2008

Сардори Раёсати чорводорӣ, парранадапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2015

Сардори Раёсати чорводорӣ, парранадапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2020

Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии ҶТ

Солҳои 2020-2022

Муовини  Вазири  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2022-2023

Муовини  якуми Вазири  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05-10 соли 2023

И.в. Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

аз октябри соли 2023
то 30 январи соли 2024

Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

 

КАРИМЗОДА  ҶАМШЕД  АБДУРАҲМОН

аз  22  майи соли 2015 дар вазифаи Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд  25 маи соли 1970    Ҷои таваллуд     ноҳияи Темурмалик

Миллат   тоҷик                                 Маълумот      олӣ

соли 1994 Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент,

соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос   муҳандиси алоқаи барқӣ, иқтисодчӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, узбекӣ ва англисӣ 

Вакили халқ ҳаст ё не                    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не    не
 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1986-1988

Коргари хоҷагии давлатии «50- солагии Тоҷикистон», ноҳияи Темурмалик

Солҳои 1988-1990

Хизмат дар сафи Қувваҳи Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Братск  

Солҳои 1990-1994

 Донишҷӯи Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент 

Солҳои 1994-1995

Мутахассиси шӯъбаи молия, ноҳияи Темурмалик  

Солҳои 1995-1996

Мутахассиси дараҷаи I Раёсати назорати тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1997-1998

Назоратчӣ - тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1999-2000

Назоратчӣ – тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии идораи молия, шаҳри Хуҷанд

 Солҳои 2000-2001

Назоратчӣ - тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Раёсати молияи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

 Солҳои 2001-2006

Мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

04 - 08 соли 2006

Сармутахассиси кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд

 Солҳои 2006-2007

Сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

01 – 07 соли 2007

Муваққатан бекор

Солҳои 2007-2008

Сардори шӯъбаи Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2009

Муовини директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»

05 – 10 соли 2009

Сардори Раёсати сангҳо ва металҳои қиматбаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2015

Муовини Директори Сарраёсати хазинадории марказии  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

03-05 соли 2015

Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз майи соли 2015
то 30 январи соли 2024

Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

АБДУСАЛОМЗОДА Анзурат Абдусалом

аз  соли 2023  дар мансаби  Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекард.

Соли таваллуд     3 майи соли 1975           Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат  тоҷик                                              Таҳсилот олӣ

      Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (рӯзона),

      соли 2013  Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (ғоибона)  хатм кардааст

Ихтисос    омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, иқтисодчӣ

Унвони илмӣ   унвонҷӯй

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудааст ё не  Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2011)

Вазъи оилавӣ    оиладор, соҳиби 5 фарзанд

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993- 1995

Наттоқи барномаҳои Телевизиони Кӯлоб

Солҳои 1995-1999

Муҳаррири шӯъбаи танзими барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон

Солҳои 1999 - 2001

Муҳаррири калони Телевизиони Хатлон

Солҳои 2001 -2005

Роҳбари маркази иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2005 -2006  

Муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон

Солҳои 2006 -2014

Муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон

Солҳои 2014-2015


Солҳои 2006-2015

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа

Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа 

Солҳои 2015-2016

Муваққатан  кор  накардааст

Солҳои 2016-2017

 

Муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон

Солҳои 2017-2023

Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии  вилояти Хатлон

Солҳои 2023-2024

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520