Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026»

18.02.2024 09:50, шаҳри Душанбе

Соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол ба сол рушд ёфта истодааст. 

Ҷиҳати роҳандозии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин намудани рушди он солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. 

Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи  аҳолӣ   ҷиҳати   истеҳсоли    маҳсулоти    ҳунарҳои   мардумӣ, ташаккул ва  дастгирии  фаъолияти  ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул, бахусус барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ гардид.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид.

Ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон равона карда шуда, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳунармандон туҳфаи арзанда ва муносиб ба ҳисоб меравад.        

Тибқи қарори мазкур дар  солҳои 2024-2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад, аз ҷумла:

- дар соли 2024 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

- дар соли 2025 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

- дар соли 2026 - 20 грант ба андозаи 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.

Грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самтҳои ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шуда, фаъолияти муназзами минбаъдаи худро таъмин карда тавонанд.

Барои иҷро ва амалисозии қарори мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ таъсис дода мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520