Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда”

21.02.2024 22:53, Русия
Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда” 21.02.2024

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд,  иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд,  аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дар воқеъ ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд. 

Бояд таъкид дошт, ки дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳайати 35 варзишгар иштирок доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520