Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик"-и Ҷумҳурии Тотористон

22.02.2024 12:20, Русия
Сарфарозгардонӣ бо ордени “Дуслик"-и Ҷумҳурии Тотористон 22.02.2024

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд.

Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.

Зимни суханронӣ ба ин муносибат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштанд.

Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Тотористон дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи ин диёри зебо дастовардҳои навин орзу карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520