Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия

18.03.2024 13:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии дар Федератсияи Русия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

Президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои тиҷоративу иқтисодии муносибатҳои ду кишвар табодули афкор намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба пирӯзиаш дар интихобот, инчунин, барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520