Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

01.09.2012 09:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати солгарди истиқлолияти ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

«Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич!

Солгарди истиқлоли миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имкони муносибе фароҳам меорад, то Шумо ва халқи кишвари Шуморо бо ин санаи таърихӣ табрик намоям.

Тоҷикистон ҷонибдори мутмаини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар, ки ба усулҳои эътимоди  мутақобила, ҳуқуқи баробар  ва эҳтироми ҳамдигар, анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, боқӣ хоҳад монд. Мо бовар дорем, ки чунин ҳамкорӣ на фақат ба манфиати кишвару халқҳои мост, балки умуман ба манфиати минтақа низ хизмат мекунад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, мӯҳтарам  Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбиҳо, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям.»

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520