Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе

01.09.2012 10:00, шаҳри Душанбе

Устодони гиромӣ ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол дар оғози соли таҳсил ба таври васеъ таҷлил кардани Рӯзи дониш рамзи эҳтироми амиқи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ба донишу маърифат мебошад.

Мулоқоти имсолаи мо ба муносибати Рӯзи дониш дар бинои хушсохту замонавии Мактаби байналмилалии президентӣ дар арафаи бистуякумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва бистсолагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки чун санаҳои тақдирсоз имрӯзу ояндаи миллати моро дар марҳалаи эҳёи давлатдории миллиамон муайян сохтаанд, баргузор мегардад.

Ба ин муносибат тамоми толибилмон ва аҳли маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамаи шумо - устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азизро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар фатҳи қуллаҳои баланди дониш комёбиҳо орзумандам.

Дар кори бунёди ин маҷмааи бисёр зебои замонавӣ меъморону сохтмончиён заҳмати зиёд кашида, барои фарзандони мардуми диёрамон тӯҳфаи дар ҳақиқат идона омода кардаанд, ки ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ менамоям.

Имрӯз чун рӯзи илму дониш аст, мехоҳам таъкид намоям, ки навсозӣ ва рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни пешрафти илму маориф таъмин намудан аз имкон берун аст.

Давраи ҳозираи инкишофи ҷомеа тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф, истифодаи босамари иқтидору тавоноиҳои илмӣ, таҷдиду такмили заминаи моддиву техникии соҳаи маориф, Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳи боз ҳам бештар зоҳир намуда, барои пайдо намудани роҳи ҳалли масъалаҳои муҳиму мубрами соҳа чораҳои бетаъхир андешад.

Дар робита ба ин, ҷои зикри хос аст, ки мавриди истифода қарор додани боз як муассисаи нави таълимӣ аз ҷумлаи иқдомоти Ҳукумат дар самти тақвият бахшидани соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад.

Мактаби байналмилалии президентӣ дар ҳақиқат бо дарназардошти талаботи муосир нисбат ба муассисаҳои таълимии сатҳи байналмилалӣ ба маблағи умумии қариб 80 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон ва шароити олӣ барои донишомӯзӣ таъмин гардидааст.

Ин муассисаи таълимӣ дорои 1038 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои ҳамаи донишомӯзон ва хонаи истиқоматии иборат аз 28 ҳуҷра барои омӯзгорон буда, аз 84 синфхона, ду китобхона, синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толорҳои варзишӣ, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам дар ин рӯзи тантанаи илму дониш оид ба баъзе масъалаҳои умдаи соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар замони ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намоям.

Дар ин раванд мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки ҳар як марҳалаи инкишофи ҷомеа ҷустуҷӯи роҳҳои нав ва муносибати эҷодкоронаро тақозо менамояд.

Бо дарназардошти ин масъала ва тазодҳои дигари замони ҷаҳонишавӣ кулли зиёиён ва дар навбати аввал кормандони соҳаҳои илму маориф бояд возеҳан дарк намоянд, ки дар раванди омода сохтани кадрҳои баландихтисос ҳадафи асосӣ аз чӣ иборат аст.

Ман қаблан гуфта будам ва имрӯз бори дигар таъкид менамоям, ки пешрафти давлат, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бидуни ширкати мутахассисони варзида ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бе дарки амиқи ин ҳадаф эъмори ҷомеаи мутараққиву мутамаддин ва таъмин намудани сатҳи муносиб ва сазовори зиндагии аҳолӣ басо мушкил хоҳад буд.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, мақсади асосии мо дар самти тақвияти соҳаи маориф дар замони рушди босуръати илму технология омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад.

Барои амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим аз кормандони соҳаи маориф ва гузашта аз ин, аз тамоми ҷомеа тақозо мегардад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замона саҳмгузор бошанд.

Дар баробари таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба таълиму тарбия омӯзгорон бояд дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ диққати ҷиддиро ба баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши толибилмон, махсусан ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир равона созанд. Зеро дар айни замон ин масъала аз ҷумла талаботи асосии иқтисоди бозорӣ низ мебошад.

Дар ин раванд ҳамчунин зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи донишу таҷриба ва арзишу суннатҳои неки миллӣ, таҳлил ва шинохти амиқи мақоми тоҷикон ҳамчун миллати худогоҳ ва дорои фарҳангу таърихи қадима дар тамаддуни ҷаҳонӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Чунки мардуми мо дар тӯли таърих ҳамчун миллати қадимаи фарҳангӣ, соҳибкитоб ва соҳибтамаддун шинохта шудааст. Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки тоҷикон ҳамеша мақоми табақаи донишманд, идоракунандагони девону дафтар, устодони илмӣ ва мураббиёни маънавиро доштаанд.

Маҳз ҳамин хислати мардуми тоҷик боис шудааст, ки бо вуҷуди дар муддати тӯлонӣ аз даст рафтани ҳокимияти сиёсиаш нерӯи маънавӣ ва имкониятҳои илмиву фарҳангии худро ҳаргиз аз даст надода, ба ин восита ҳифзу наҷоти худро таъмин намудааст.

Саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар рушди илми башарӣ то андозае равшану бузург аст, ки ҳоҷат ба зикру баёни муфассали он нест. Миллати мо дар тӯли асрҳо ба аҳли башар садҳо фарзандони фарзонаро тақдим намудааст, ки онҳо дар фарҳангу адабу маънавият, инчунин илмҳои дақиқ нақши барҷаста доранд.

Бисёр кашфиёту дастовардҳои бунёдӣ дар соҳаи улуми дақиқ, аз қабили риёзиву ҳандаса, ситорашиносиву алҷабр ва тиббу табиатшиносӣ, ки аз тарафи гузаштагони барӯманди мо анҷом ёфтаанд, то имрӯз дар илми башарӣ дорои аҳамияти калон мебошанд.

Яъне шумо, наврасону ҷавонони имрӯзаи тоҷик воқеан ворисони фарҳангу тамаддуне ҳастед, ки он аз сароғози худ ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ дурдонаҳои пурарзиши илмиву адабиро ворид сохта, дар ташаккули соҳаҳои гуногуни илми муосир ҳамчун манбаи файзбор хизмат кардааст.
Ва акнун замоне, ки баъди ҳазор сол ба мо ифтихори давлатдории миллӣ насиб гардидааст, тақозо мегардад, ки ба гузашта на танҳо ба хотири ифтихор назар афканем, балки барои пешрафти илми муосири тоҷик иқдомоти тозаву устуворро амалӣ намоем.

Масъалаи дуюм, ки дар пайвастагӣ бо масъалаи якум ба миён бояд гузошта шавад, бознигарии худи мафҳуми «дониш» мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва воридшавии башарият ба асри иттилоот ва технологияҳои баландсуръат бисёр мафҳуму падидаҳо маъниву мазмуни нав гирифтаанд, ки мафҳуми «дониш» низ яке аз онҳо мебошад.

Дар гузашта инсоне, ки хондан ва навиштанро метавонист, шахси босавод ҳисоб мешуд. Вале дар асри ҷаҳонишавӣ мафҳуми савод дигар фақат маънои хондан ва навиштанро дар бар намегирад.

Ба ибораи дигар, дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника ин мафҳум маънои комилан нав ва бисёр фарох касб кардааст. Акнун нафаре босавод шуморида мешавад, ки на танҳо хонда ва навишта тавонад, балки маҷмӯи донишҳои муназзами замонавӣ дошта, забони давлатиро дар сатҳи аъло донад, инчунин як ё ду забони хориҷӣ ва тарзи дурусти истифодаи технологияҳои имрӯзаро азхуд карда бошад.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф, Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилотро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимии мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ талаботи нав ба савод ва саводнокиро ба назар гиранд.

Барномаҳои таълимии мо бояд тарзе сохта шаванд, ки таълимгиранда соҳиби саводу маърифат ба маънои воқеӣ ва муосири он гардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки қариб кулли давлатҳои пешрафта ва кишварҳои рӯ ба инкишоф саводомӯзии мардуми худро тавассути китоб ва ба андӯхтани дониш ҷалб намудани кӯдакону наврасон таъмин намудаанд.

Ва бештари мамлакатҳои пешрафта имрӯз ҳам барномаи босаводкунии ҷомеаи худро маҳз дар ҳамин асос тартиб дода, ба тарбияи кӯдакон диққати бештар медиҳанд.

Аз ҷумла истифодаи энсиклопедияҳои гуногуни бачагона яке аз роҳҳои маъмули маърифатнок намудани кӯдакон дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.

Зеро энсиклопедияҳо доираи васеи донишҳои инсониро дар бар гирифта, дар онҳо ҷузъиёти ҳодисаву падидаҳо ба таври мухтасар ва соддаву фаҳмо таҳлил карда мешавад.

Чун кӯдак пас аз сесолагӣ ба донистани олами атроф мароқ зоҳир мекунад, истифодаи маълумоти соддаи энсиклопедӣ хеле мувофиқ ва муҳим аст.

Барои кӯдакони мактабхон низ маълумоти энсиклопедӣ дар баробари китобҳои дарсӣ хеле зарурӣ мебошад. Ин аст, ки дар ҷаҳон садҳо намуд донишномаҳо барои кӯдакону наврасон нашр мешаванд.

Ба ибораи дигар, то давраи мактабхон шуданаш кӯдак бо донишҳои аввалияи инсонӣ ба таври соддаву фаҳмо мусаллаҳ мегардад. Дар натиҷа кори таълиму тарбияи ӯ дар мактаб ва мушкилоти омӯзиш бамаротиб осон мешавад.

Ҷои таассуф аст, ки дар кишвари мо чунин энсиклопедияҳо вуҷуд надоранд. Яъне фарзандони мо аз донишҳои аввалия ва соддаи инсонӣ дар доираҳои нисбатан маҳдуд бархурдор мегарданд.

Бо дарназардошти ин, ба Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки дар муддати се моҳ масъалаи таҳия ва ба нашр омода намудани “Энсиклопедияи бузурги бачагона”- ро ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намояд.

Масъалаи дигари умдае, ки бояд ба он афзалият дода шавад, таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф ҳамчун ба яке аз пояҳои муҳими қудрати миллӣ ва яке аз омилҳои суботу амнияти миллӣ мебошад.

Муҳити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва мураккабшавии моҳияти равандҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ нишон медиҳад, ки дар оянда маҳз миллатҳое муваффақ ва пойдор хоҳанд монд, ки низоми маорифи онҳо пешрафта ва сатҳи воқеии дониши мардумонашон баланд бошад.

Ҳаёт собит месозад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ миллатҳое, ки дорои саводу маърифати қобили рақобат нестанд, ба тадриҷ бо миллатҳои бузург омехта шуда, аз байн хоҳанд рафт.

Ин аст, ки дар асри нав байни масъалаи дониш ва бақои миллат пайванди амиқ ва ногусастанӣ ба вуҷуд омадааст. Яъне дар оянда маҳз дониши баланди муосир бақои ҳар миллату давлатро таъмин менамояд.

Имрӯз яке аз андешаҳои ғолибе, ки дар зеҳни ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон мавқеи калидӣ дорад, таносуби мафҳумҳои дониш ва қудрат мебошад. Дар пештоқи аксари муассисаҳои илмии кишварҳои пешрафта шиори «Дониш қудрат аст» навишта шудааст.

Яъне дар замони муосир илму савод барои ҳастӣ, рушд ва зиндагии саодатманди миллатҳо моҳияти ҳаётӣ касб кардааст.

Албатта, пайванди дониш ва қудрат, балки худи қудрат будани донишу иттилоот, ки дар шароити кунунӣ ба яке аз шиорҳои асосии ҷомеаи пешрафта табдил шудааст, барои фарҳанги куҳанбунёди мо сухани нав нест.

Ин маънии баландро ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ба шакли бисёр зебо гуфта буд, ки «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад».

Баъдан фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳанӯз дар асри даҳуми мелодӣ ба мафҳуми илм ва мартабаи олим аз дидгоҳи таҳқиқӣ нигариста, ба чунин натиҷаи илмӣ расида буд:

«Ба даст овардани илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб ва зарур аст. Илм зидди ҷаҳолат аст ва нодонӣ аз хосиятҳои торикист. Аз ин рӯ, илм шарифтар аз ҷаҳолат аст, зеро нодонӣ мисли кӯрӣ ва торикист, дар ҳоле ки илму дониш дидаи биност».

Пас миллате, ки ҳазор сол пеш дар ин поя ба сухан ва илму дониш арҷ гузоштааст, имрӯз низ бояд офарандаи сухан, илму дониши замонавӣ ва андешаи нав бошад.

Вақте мо дониш ва иттилоотро омили қудрати миллатҳо меномем, он танҳо ба маънои қудрати сиёсӣ ва низомӣ нест. Балки дониш имрӯз барои давлатҳо ва миллатҳо қудрати иқтисодӣ, тавони молиявию амниятӣ ва суди дилхоҳ ба бор меорад.

Масалан, баъзе кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ, аз ҷумла Шветсия, Норвегия ва Финляндия, ки масоҳати нисбатан хурд ва аҳолии кам доранд, тавонистанд низоми беҳтарини маориф, сатҳи баланди саводи аҳолӣ ва рушди технологиро таъмин намоянд.

Ин давлатҳо фақат аз ҳисоби таҳқиқоти илмӣ ва ихтирооту навовариҳои технологӣ даромаде ба даст меоранд, ки аз фоидаи баъзе кишварҳои содиркунандаи нафт зиёдтар мебошад.

Онҳо бо вуҷуди ин, ки захираҳои фаровони табиӣ надоранд, маҳз аз ҳисоби сатҳи баланди илму маърифат ва дастовардҳои технологӣ сатҳи шоистаи зиндагии мардуми худро таъмин намудаанд.

Имрӯз суботу амнияти миллатҳо ва давлатҳо низ ба дараҷаи рушди илму маориф ва техникаву технологияҳои онҳо вобаста мебошад. Рӯйдодҳои сиёсӣ ва геополитикии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи номатлуби дониш, аз моҳияти равандҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум метавонад ба хатари ҷиддие ба суботу амнияти давлатҳо табдил гардад.

Вақте насли ҷавони мо аз надоштани дониши кофӣ ва огоҳии комил аз арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва зарурату воқеиятҳои ҷомеаи худро дуруст дарк ва арзёбӣ карда натавонад, он ба осонӣ тӯъмаи муборизаҳои мафкуравии доираҳои ғаразноки беруна мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бе таъмини дониши муосири саросарии аҳолӣ таъмин намудани рушди устувор, зиндагии шоистаи мардум ва ояндаи босуботи давлат низ номумкин мебошад.

Барои он, ки мо дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем, аввалан зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди илму маориф рӯ оварад. Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдоди хеш огоҳона саъю талош варзанд.

Масъалаи дигари ниҳоят муҳим ин таъмин намудани таносуби дониш ва ахлоқ дар низоми маорифи миллии кишвар ва дар ташаккули насли наврас мебошад.

Тавре маълум аст, солҳои охир давлат барои эҳёи соҳаи маориф ва баланд бардоштани одобу ахлоқи хонандагон талошҳои зиёд намуда, дар ин самт як силсила қонуну барномаҳои фарогирро қабул ва амалӣ карда истодааст.

Вале бо вуҷуди ҳама ҷаҳду талошҳо то имрӯз ахлоқу маънавиёти баъзе хонандагону ҷавонон ва муносибати бархе аз падару модарон ба ин масъалаи ниҳоят муҳим боиси ташвиш аст.

Бояд гуфт, ки ин зуҳурот танҳо хоси як ҷомеаи мо нест. Мусаллам аст, ки дар давраи гузариш ҳар як ҷомеа аз рӯи қонунҳои рушд ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мегардад.

Дар ин давра поён омадани сатҳи дониш ва одобу ахлоқ, коҳиши амнияти ҷомеа, афзоиши қонуншиканӣ ва дар маҷмӯъ ғайримуассир будани фаъолияти сохторҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳодисаҳои номатлубе, ки солҳои охир дар байни наврасону ҷавонони баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат рух дода истодаанд, бори дигар собит месозанд, ки ислоҳоти низоми маориф фақат бунёди мактабу синфхонаҳои нав, таъмиру таъминоти онҳо бо техника ва технологияҳои замонавӣ ё ороиши синфхонаҳо набуда, бояд он, пеш аз ҳама, ба тақвияти дониш ва одобу ахлоқ равона карда шавад.

Афзоиши сафи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ки ин бесабаб нест. Зеро ин зуҳуроти номатлуб як ҳодисаи муқаррарӣ набуда, бояд ҳамчун мушкилоти ҷомеа ва масъалаи муҳими давлатӣ арзёбӣ карда шавад.

Бо дарназардошти ин, ба вазоратҳои маориф, корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода мешавад, ки сабабу омилҳо ва пайомадҳои вайроншавии ахлоқи баъзе аз хонандагони мактабҳои миёна, наврасону ҷавонон ва донишҷӯёнро омӯхта, дар ин бора гузориши муфассал ва нақшаи чорабиниҳои мушаххасро тарҳрезӣ ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Илова бар ин, Вазорати маориф корҳои тарбиявиву фаҳмондадиҳиро ҳангоми тадриси барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ пурзӯр намуда, ҷалби устодони ботаҷриба, рӯзгордида ва дорои ахлоқи ҳамидаро ба ин кор ҳарчи васеътар ба роҳ монад.

Дар робита бо ин, таъкид месозам, ки дар ин масъалаи ҳаётан муҳим тамоми ҷомеа бояд масъулият дошта бошад.

Тибқи анъанаи неке, ки чанд сол инҷониб давом дорад, дар Рӯзи дониш дар ҳамаи мактабҳои кишвар дарси сулҳ баргузор мегардад. Зеро сулҳу амният барои тамоми халқҳои рӯи замин мафҳуми азиз ва гиромӣ мебошад.

Вале махсусан барои мардуми Тоҷикистон ин мафҳум фавқулодда азизу муқаддас аст. Мардуме, ки офати ҷангро паси сар намудааст, ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад.

Наслҳое, ки аз оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ гузаштаанд, имрӯз бе ҳеҷ ташвиқу тарғиб худашон ба посдорону нигаҳдорони сулҳ табдил ёфтаанд.
Вале ҳамзамон бо ин, бояд таъкид кард, ки мо ин арзишҳои баландро ба насли ҷавон ва фарзандони худ ҳамеша талқин намоем. Зеро сулҳу субот вақте устувор ва доимӣ мегардад, ки он ба фарҳанги мардум ва ба яке аз рукнҳои асосии ҷаҳонбинии насли наврас табдил ёбад.

Хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун воқеияти ҷамъиятӣ ва падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ба даст овардем ва имрӯз бори дигар шукргузорӣ мекунем, ки дар муҳити сулҳу субот зиндагии осуда дорем. Вале акнун замони он расидааст, ки мо мафҳуми сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро ҳамчун фарҳанги зиндагии мардум васеъ ва амиқ гардонем.

Дар марҳалаи нави рушди кишвар мо бояд сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун як фарҳанги умумимиллӣ ташаккул диҳем. Зеро сулҳу ризоият шарти бақо, пешрафт ва ояндаи дурахшони мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Асоси ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор аст. Тарбия ва бунёди чунин инсон берун аз оилаи солим муяссар нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд чанде пеш мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем.

Иҷрои дурусти ин қонун имкон медиҳад, ки мо дар тарбияи насли наврас як механизми комили тарбия – мактаб, оила ва ҷомеаро ташаккул диҳем, ки фарзандони мо дар оғӯши тарбияи ҳамешагӣ ва ҳамагонӣ қарор дошта бошанд.

Қонуни мазкур барои ҳалли масъалаи мубрам ва дардноки ҷомеаи мо равона шудааст. Зеро як қисми нерӯи бузурги ояндасози ҷомеа, ҳимоятгари истиқлолият ва амнияти ояндаи кишвар, яъне фарзандони мову шумо бо амри тақдир ва таъсири ҳаводиси мухталифи рӯзгор аз мадди назари мактаб, волидон ва ҷомеаву давлат дур мондаанд.

Мутаассифона, ҳоло низ баъзе падару модароне ҳастанд, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ, ки масъалаи ниҳоят муҳим буда, таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад, хунукназарона рафтор менамоянд.

Аз ҷумла баъзеи онҳо бе дарки оқибатҳои вазнини тақдири фарзанд бачаҳои ноболиғро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар барои таълими динӣ ба муассисаҳои таълимии равияи экстремистӣ мефиристанд. Аксари онҳое, ки имрӯз ба ватан баргардондем, ба забони тоҷикӣ навишта ва хонда наметавонанд.


Ҳол он, ки дар ислом ҳамаи арзишҳо тибқи мақом ва мартабаи худ арҷгузорӣ шудаанд. Ислом дар баробари ибодат ва таълимоти динӣ буданаш, инчунин сартосар аз арзишҳои волои некӣ, саховатмандӣ, инсондӯстӣ, адлпарварӣ, илмомӯзӣ ва таҳаммулгароист, ки ҳар яки онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муайян мақоми баландтар ва устувортарро аз аркони дигари динӣ доро мебошад.

Масалан, Паёмбари ислом фармудаанд, ки «омӯхтани илм баландтар аз ибодат аст».

Бузургтарин рисолати падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила ва ҷомеа, пеш аз ҳама, таълиму тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида ва ҳунарманду соҳибкасб мебошад.

Вале бори дигар таъкид месозам, ки амалӣ гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» то ба ҳол ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашуда, татбиқи воқеии он аз ҳамаи мо, пеш аз ҳама, аз падару модарон андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Бинобар ин, вазоратҳои маориф, фарҳанг, Академияи илмҳо, кумитаҳои оид ба корҳои дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Иттифоқи нависандагон вазифадоранд, ки таблиғу ташвиқи бештари мазмуну мӯҳтавои қонунро ба роҳ монанд, китобу маҷаллаҳоеро, ки фарогири панду андарзҳои марбут ба таълиму тарбияи фарзанд мебошанд, бештар нашр намоянд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки ахлоқ вақте ба хислати инсон табдил мегардад, ки худи муҳит ахлоқӣ ва худи ҷомеа хусусияти тарбиятгарӣ дошта бошад.

Вобаста ба ин, ман ба ҳамаи кормандони соҳаи маориф, дар навбати аввал ректорони донишгоҳу донишкадаҳо ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву умумӣ бори дигар қатъан таъкид месозам, ки ба масъалаи тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон бо камоли масъулият ва поквиҷдонӣ муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки дар ин кори ниҳоят муҳим ҳар як роҳбар масъулияти шахсӣ дорад.

Ҳамчунин зарур аст, ки худи роҳбарону масъулони муассисаҳои таълимӣ ҳам дар назди шогирдони хеш ва ҳам дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

Замони навин ва асри ҷаҳонишавӣ дар назди халқҳои дунё ҳам имкониятҳои нав ва ҳам мушкилоти зиёдеро пеш овардааст, ки сарнавишти ояндаи миллатҳо ба истифодаи дурусти ин имкониятҳо ва ба ҳаллу фасли ин мушкилиҳо сахт вобаста мебошад.

Агар бахше аз ин масъалаҳо хусусияти сиёсиву иқтисодӣ дошта бошад, бахши дигари онҳо бевосита ба соҳаи маориф ва сатҳу савияи донишу маърифати башарият марбут аст.

Дар ин раванд ҷомеаи мо низ бо масъалаҳое рӯбарӯ гардидааст, ки ҳалли дурусти онҳо ба рушди амиқи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Бовар дорам, ки бо саъю кӯшишҳои ватандӯстонаи ҳар як фарди бонангу номус, олимону зиёиён, хусусан падару модарон ва аҳли маориф пешрафти илму маориф дар баробари суботи сиёсӣ ва муттаҳидиву ягонагии миллат ҳамчун муҳимтарин дастоварди ҷомеаи муосир барои ташаккули низоми дунявӣ ва демократӣ дар Ватани азизамон, инчунин пирӯзии хираду доноӣ бар ҷаҳолату нодонӣ саҳми барҷаста хоҳад гузошт.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Рӯзи донишро ба кулли донишомӯзону устодони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба ҳамаи шумо, устодону хонандагон, наврасону ҷавонон ва донишҷӯёни азиз, ки дар ин ҷо ҳузур доред, муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама саломатӣ, барои азхудкунии илму донишҳои замонавӣ азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат, ки яке аз ниёзмандиҳои асосии давлатдории навинамон маҳсуб мешавад, барору комёбӣ орзумандам.

Рӯзи дониш - рӯзи арҷгузорӣ ба илм ва маорифу маърифат муборак, ҳамдиёрони азиз!

Ташаккур!

brbrbr

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520