Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи муштараки ҳамкориҳои стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

03.09.2012 15:40

1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Олӣ Пранаб Мукерҷӣ аз таърихи 1 то 4 сентябри соли 2012 бо сафари давлатӣ дар Ҳиндустон мебошад. Ин панҷумин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон маҳсуб мегардад. Дар таърихи 3 сентябри соли 2012 дар ш. Деҳлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон др. Манмоҳан Сингх мулоқоти батафсил анҷом дода, инчунин вохӯрии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон сурат гирифт. Президенти Ҳиндустон ба ифтихори меҳмони олиқадр зиёфати давлатӣ меорояд. Вохӯриҳои Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини президенти Ҳиндустон ҷаноби Ҳамид Ансорӣ ва Роҳбари ҷиноҳи мухолиф (оппозитсия)-и парлумони Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ низ анҷом ёфтанд. Меҳмони олиқадр Тоҷикистон инчунин дар вохӯрӣ бо соҳибкорон, ки аз ҷониби Иттиҳоди палатаҳои муттаҳидаи савдо ва саноати Ҳиндустон (ASSOCHAM), Конфедератсияи саноати Ҳиндустон (CII) ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Ҳиндустон (FICCI) танзим шуд, суханронӣ намуд.

2. Ҷониби ҳиндустонӣ таъкид намуд, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Ҳиндустон идомаи матлуби анъанаи мубодилаи мунтазами боздидҳо дар сатҳи олӣ миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон мебошад. Ин сафар инчунин аз робитаҳои наздики таърихӣ ва амиқи фарҳангии миёни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

3. Ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди назарсанҷӣ қарор дода, дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд. Онҳо қаробати мавқеъи ду кишварро оид ба масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ қайд намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дигар вазоратҳои дахлдори ду кишвар машваратҳои мунтазам, ва аз ҷумла мубодилаи боздидҳоро идома медиҳанд. Онҳо бо изҳори қаноатмандӣ қайд намуданд, ки мусоҳибаҳо дар фазои гарм ва дӯстона сурат гирифтанд.

4. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқиро баҳри ҳамкориҳои дуҷониба дар солҳои охир таъкид намуданд. Дар ин росто, онҳо ба имзо расидани як қатор созишномаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла бофандагӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, тандурустӣ ва меҳнат истиқбол намуданд. Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, то дар ояндаи наздик санадҳои нави дуҷониба дар соҳаҳои хадамоти ҳавоӣ, андозбандии дукарата, корҳои консулӣ, адлия, саноати кӯҳӣ, амнияти иҷтимоӣ, молия ва бонкӣ, саноат ва энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия муҳокима гарданд ва ба имзо расанд.

5. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар пешрафти мутақобила, шукуфоӣ ва сулҳу субот дар минтақа саҳмгузор мебошанд ва онҳо тасмими худро ҷиҳати таҳрики бештар бахшидан ба муносибатҳо тавассути ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва ҷалбшавии бештар изҳор намуданд. Онҳо тасмим гирифтанд, то муносибатҳои дуҷонибаи худро ба сатҳи ҳамёрии дарозмуддати стратегӣ боло бардоранд. Ин ҳамёрӣ ҳамкориҳоро дар маҷмӯи васеи соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди захираҳои инсонӣ, мудофиа, мубориза бар зидди терроризм, илм ва технология, фарҳанг ва сайёҳӣ дарбар мегирад.

6. Ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Ҳиндустонро мавриди назарсанҷӣ қарор дода, ба хулоса омаданд, ки сатҳи кунунии тиҷорати дуҷониба аз имкониятҳои мавҷуда хеле поён мебошанд. Онҳо зарурати баланд бардоштани ҳаҷм ва заминаи савдои мутақобиларо тавассути чораҳо ва васила (механизм)-ҳои мусоид ва мушаххас таъкид намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникии байни ду кишвар механизми муҳими татбиқи созишномаҳо ва аҳдномаҳои мувофиқашуда мебошад ва зарурати беҳтар намудани сифат ва сатҳи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро таъкид менамоянд. Онҳо боварӣ изҳор намуданд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак, ки дар давоми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ин масъалаҳоро баррасӣ менамояд ва тавсияҳои асоснок пешниҳод хоҳад кард.

7. Ҷонибҳо қаноатмандии худро ҷиҳати ба имзо расонидани Протокол оид ба гуфтушунидҳои дуҷониба баҳри ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳор намуданд. Ҷониби Ҳиндустон изҳори умедворӣ кард, ки дар ин созмони ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои амиқ дошта бошад ва таъкид намуд, ки ҳамгироии Тоҷикистон бо иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷонибаро густариш хоҳад дод.

8. Ҷонибҳо аҳамияти мувосилоти байни ду кишварро таъкид намуда, қайд карданд, ки норасоии долонҳои нақлиёти рӯизаминӣ монеа баҳри савдои мутақобила, мубодилаи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғ. байни мардумон мебошад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то баҳри таъсиси долонҳои нақлиётӣ, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа иқдом намоянд. Ҷонибҳо инчунин татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла Долони фаро(транс)-афғонӣ, Долони байналмилалии нақлиётии Шимолу Ҷануб (INSTC) ва лоиҳаи таъсиси Долони Осиёи Марказӣ – Халиҷи Форсро мавриди муҳокима қарор доданд. Онҳо қайд карданд, ки татбиқи ин лоиҳаҳо масофа ва хароҷоти интиқоли борҳоро байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба миқдори қобили мулоҳиза кам мекунад ва ба кишварҳои сеюми ин лоиҳаҳо имконияти шомил шуданро ба низоми минтақавии мувосилоти нақлиётӣ фароҳам меоварад.

9. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ барқарор гардидани парвозҳои мустақим миёни ду кишварро, ки бар асоси созишномаи авиатсияи гражданӣ сурат мегирад, таъкид намуданд. Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Ҳиндустон барои иҷозати афзоиши шумораи парвозҳо дар як ҳафта миннатдорӣ изҳор намуд. Ҷониби Ҳиндустон иҷрои парвозҳои тиҷоратиро аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар масири Деҳлӣ-Душанбе истиқбол намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки шумораи ин парвозҳо минбаъд зиёд шуда, ба тиҷорати дуҷониба мусоидат мекунад ва робитаи байни мардуми ҳар ду кишварро зичтар мегардонад. Ҷониби Тоҷикистон инчунин аз ширкатҳои ҳавопаймоии Ҳиндустон даъват ба амал овард, то парвозҳои худро ба Тоҷикистон шурӯъ кунанд.

10. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то фазои тиҷоративу сармоягузориро беҳтар намоянд ва шароити мусоид ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар фароҳам оваранд. Ҷонибҳо аз доираҳои алоқаманди соҳибкории кишварҳояшон даъват ба амал оварданд, то аз имконияти сармоягузории мутақобилан судманд дар бештари лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои ояндадор аз қабили технологияҳои иттилоотӣ ва мувосилоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология; бофандагӣ, молҳои абрешимӣ ва чармӣ; саноати кӯҳӣ ва иктишофӣ; гидроэнергетика ва манбаъҳои нерӯи таҷдидшаванда, саёҳӣ истифода кунанд. Дар ин росто, ҷониби Тоҷикистон бахши сармоягузории хусусӣ ва давлатии Ҳиндустонро барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави Тоҷикистон даъват намуд. Ҷониби ҳиндустонӣ омодагии худро ҷиҳати сафарбар намудани ҳайат ба он минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ изҳор кард.

11. Ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар бахшҳои бонкӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима қарор доданд ва ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои минбаъда дар сатҳи коршиносон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои хос ва баррасии ташаббусҳои тоза сурат гирад.

12. Ҷониби тоҷикистонӣ ба ҷониби ҳиндустонӣ миннатдории худро барои омодагии он ҷониб ҷиҳати ба итмом расонидани лоиҳаи азнавсозии нерӯгоҳи барқии обии Варзоб наздики ш. Душанбе изҳор кард. Ҷонибҳо тасмими худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла неругоҳҳои барқии обӣ, офтобӣ ва дигар шаклҳои нерӯи қобили таҷдид, ҳамчунин ибтидои гуфтушунидҳо дар иртибот ба шабакаи минтақавии инфрасохтори энергетикӣ баён намуданд.

13. Ҳиндустон, ҳамчун як ҳиссаи ҳамёрӣ дар соҳаи рушд бо Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои ҷадиди рушд, аз ҷумла таъсиси маркази ҳунарии технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои электронӣ, аз қабили таҳсил ва тибби фосилавӣ, марказҳои тиббӣ, таъмини мошинолоти кишоварзӣ, лабораторияҳои омӯзиши забонҳо, донишкадаи рушди соҳибкорӣ ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои хурди рушдро эълон намуд. Ҷонибҳо оид ба бунёди беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, то барои татбиқи сареъи як қатор лоиҳаҳои нав дар Тоҷикистон машваратҳо дар сатҳи коршиносон барпо намоянд.

14. Ҷонибҳо инчунин усулан ба мувофиқа расиданд, ки дар лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои ояндадор, ба мисли мурғпарварӣ ва чорводорӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ, хатҳои роҳи оҳан, бофандагӣ, саноати кӯҳӣ, мубодилаи иттилооти илмӣ ва техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ ҳамкорӣ мекунанд.

15. Ҷонибҳо қаноатмандии худро ҷиҳати тавсеаи мунтазами ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа изҳор намуданд. Ҷонибҳо вохӯрии гурӯҳи кории муштаракро, ки ба наздикӣ дар Душанбе баргузор гашт, ҳамчун такони тоза ба ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, эътимод изҳор карданд, ки ин ҳамкорӣ ба амният ва суботи минтақа саҳмгузор хоҳад буд. Ҷониби тоҷикистонӣ барои мусоидати ҷониби ҳиндустонӣ ҷиҳати рушди зербиноӣ ва захираҳои инсонӣ дар соҳаи мудофиа миннатдорӣ изҳор намуда, саҳми минбаъдаи Ҳиндустонро дар ин бахши стратегии ҳамкорӣ истиқбол кард.

16. Ҷонибҳо имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳои илмӣ ва техникии байни марказҳои илмии ду кишварро ҷиҳати ташкили тадқиқотҳои муштарак дар соҳаҳои биотехнология, масолеҳшиносӣ, энергияи офтобӣ, технологияи лазерӣ, истихроҷи маъданҳо ва автоматизатсиякунонии раванди истеҳсолот қайд карданд. Ҷонибҳо оид ба зиёд кардани тамосҳо байни муассисаҳои таълимии ду кишвар ва баланд бардоштани ҳамкориҳо дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ ба мувофиқа расиданд.

17. Ҷонибҳо мавқеи марказӣ доштани фарҳангро дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои амиқ байни мардуми Ҳиндустон ва Тоҷикистон таъкид намуданд ва нисбат ба имзои Барномаи мубодилаи фарҳангӣ барои солҳои 2012-2015 изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то ба истеҳсоли муштараки филмҳо ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ дар соҳаи синамогарӣ шурӯъ кунанд.

18. Ҷониби Ҳиндустон, бо риояи ӯҳдадориҳои худ дар соҳаи рушди захираҳои инсонии Тоҷикистон, пешниҳод намуд, то шумораи ҷойҳо дар давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчубаи Барномаи ITEC ба 150 адад расонида шавад. Ҷониби тоҷикистонӣ ин иқдомро истиқбол намуд.

19. Ҷонибҳо бори дигар таъкид намуданд, ки терроризми байналмилалӣ барои сулҳу амнияти байналмилалӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва онҳоеро, ки террористонро дастгирӣ менамоянд, маҳкум намуданд ва таъкид карданд, ки он атрофе, ки ба террористон кӯмак мекунанд, иғво бармеангезанд ва ба онҳо паноҳгоҳ медиҳанд, ба мисли содиркунандаҳои воқеии амали террористӣ гунаҳкор ҳисоб мешаванд. Онҳо таъкид бар зарурати ҳамкориҳои муштарак барои аз байн бурдани хатари терроризм, аз ҷумла дар мавзӯи мубодилаи иттилоот, маълумот, маблағгузории терроризм ва масъалаҳои ба он алоқаманд баён намуданд. Онҳо зарурати муколамаи васеъ байни сохторҳои амниятиро таъкид намуданд. Ҷонибҳо инчунин зарурати дар ояндаи наздик қабул кардани “Конвенсияи фарогир оид ба терроризми байналмилалӣ”-ро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор карданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳоро байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ идома диҳанд ва кӯшишҳои худро дар чаҳорчӯбаи Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ҳамоҳанг созанд. Ҷонибҳо, хусусан, бо назардошти талафоти ҷонии фоҷиавие, ки дар натиҷаи зарбаи террористии ноябри соли 2008 дар Мумбай рух дод, тақозо намуданд, то парвандаи муаллифони чунин ҷиноятҳо ва ҳаммаслакони онҳо мавриди тафтиши сареъ қарор гирад ва таъкид карданд, ки онҳо бояд ҳар чи зудтар ба ҷавобгарии судӣ кашида шаванд.

20. Ҷонибҳо вазъият дар Афғонистон ва чолишҳоеро, ки аз минтақа сар мезананд, аз ҷумла мавҷуд будани паноҳгоҳҳо барои террористон ва қочоқчиёни маводи мухаддир муҳокима намуда, аҳамияти барқарор намудани сулҳу суботи устуворро дар он кишвар, хусусан бо назардошти хуруҷи Қушунҳои байналмилалии мусоидати амният (ISAF) аз Афғонистон дар соли 2014 таъкид намуданд. Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки мавзӯи барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон бо амнияти минтақа вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҷонибҳо пуштибонии худро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба манзури бунёди Афғонистони соҳибихтиёр, осоишта, демократӣ ва шукуфон таъкид намуданд. Ҷонибҳо зарурати фаъол намудани ҷараёни барқарорсозии осоиштаи Афғонистонро бо иштироки тамоми атрофи манфиатдор таъкид намуданд. Ҷонибҳо бар он нукта мувофиқати худро иброз доштанд, ки ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ пайвасти татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ ва дигар лоиҳаҳо, ки дар ҷараёни Панҷумин конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ (RECCA V) дар Душанбе (марти 2012) ва Саммити сармоягузорӣ дар Деҳлӣ (июни 2012) баррасӣ шуданд, нақши муассире дар бозсозии иқтисодии Афғонистон хоҳанд дошт.

21. Ҷонибҳо пуштибонии қавии худро нисбат ба усули бисёрҷониба бо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид дар баррасии чолишҳо ва хатарҳои умумиҷаҳонӣ изҳор намуданд. Онҳо бори дигар пуштибонии худро нисбат ба ислоҳот дар СММ, хусусан дар Шӯрои Амният ҷиҳати тавсеаи категорияҳои узвияти доимӣ ва ғайридоимӣ, тавассути афзун гардонидани намояндагии кишварҳои дар ҳоли рушд дар ҳар ду категория, ба манзури баланд бардоштани самаранокӣ, салобат ва қонунияти он Шӯро ҷиҳати муқовимат бо чолишҳои муосире, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳо рӯбарӯ мешавад, изҳор намуданд. Ҷониби тоҷикистонӣ тарафдории хешро барои номзадии Ҳиндустон ба ҳайси узви доимии Шӯрои васеи Амнияти СММ таъкид намуд.

22. Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай, бо назардошти иштироки фаъоли ҳар ду ҷониб дар фаъолияти он Созмон, таъкид намуданд. Ҷониби тоҷикистонӣ пуштибонии худро оид ба узвияти комилҳуқуқи Ҳиндустон дар он созмони минтақавӣ иброз намуд.

23. Ҷониби Ҳиндустон эътибори қонунӣ пайдо кардани Минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Марказиро истиқбол намуд ва омодагии худро барои таъмини кафолати амниятии лозима изҳор кард.

24. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Ҳиндустон ҷиҳати пазироии гарм ва меҳмоннавозӣ нисбат ба ӯ ва ҳайъати Тоҷикистон зимни сафари давлатӣ ба Ҳиндустон миннатдорӣ изҳор намуд. Ӯ аз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Олӣ Пранаб Мукерҷӣ даъват ба амал овард, то ба Тоҷикистон сафар анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон др. Манмоҳан Сингҳро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуд. Даъватҳо бо хушнудӣ қабул гардиданд.

Деҳлӣ
03 сентябри соли 2012

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520