Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон пофессор Райнер Линднер

06.09.2012 16:30, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати иқтисодии Ҷумҳурии Федералии Олмонро, ки таҳти роҳбарии Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон пофессор Райнер Линднер ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво аз рушди бемайлони муносиботи Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ин мулоқот ва форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе натиҷаи робитаҳои сатҳи олии Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар дар моҳи декабри соли 2011 ва ташрифҳои имсолаи Раиси Агентии энергетикии Олмон Штефан Колер ва Вазири федералии он оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Дирк Нибел ба Тоҷикистон номида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Бизнес-форуми имрӯза ба раванди мушаххас гардондани мундариҷаи ҳамкориҳои ду кишвар, бахусус дар бахши энергетика, аз ҷумла барои истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия такони тоза мебахшад.

Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди захираҳои минералӣ ва бахши агросаноатӣ низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тавачҷуҳи хоса, ҳамчунин ба иштирок дар лоиҳаҳои бузурги зербиноии минтақавӣ, ки бо фарогирии Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ амалӣ хоҳанд шуд, зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520